Суғд: Дар як моҳ ба маблағи 740 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

Ноябрь 11, 2016 17:21

Хуҷанд, 11.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Танҳо дар давоми моҳи октябри соли равон коргоҳҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи беш аз 700 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ин нишондод дар таърихи навини соҳибистиқлолии кишвар натиҷаи баландтарин ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки бо баланд кардани суръати рушд то 151,3 фоиз, маблағи умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ба 740 млн сомонӣ баробар гашт.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд Озифхон Шарифзода иттилоъ дод, дар умум дар давоми 10 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 5,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,7 млрд сомонӣ зиёд буда, бо нархҳои амалкунанда ба 145,3 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо ба 137,8 фоиз баробар мебошад.
Ҳамчунин аз оғози сол то инҷониб дар миқёси вилоят, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда 82 корхонаи нав бо 2,4 ҳазор ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Онҳо асосан корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.

Ноябрь 11, 2016 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад