Тамдиди муҳлати маъмурияти «Тоҷиксодиротбонк»
Душанбе, 21.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон муҳлати ваколати маъмурияти муваққатиро дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» тамдид намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, бо мақсади солимгардонӣ ва барқарорсозии пурраи фаъолияти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 49-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», бо қарори навбатии худ муҳлати ваколати маъмурияти муваққатиро дар бонки мазкур то 18 декабри соли 2016 тамдид намуд.
Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзии номбурда иҷрои нақшаи солимгардонии тасдиқшудаи бонкро таъмин намояд.








Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд






