А. Муҳаммад: «Низоъҳои динию мазҳабӣ моро водор менамоянд, ки дар сиёсати минтақавии Осиёи Марказӣ раванди дӯстию таҳаммулпазариро бештар тақвият диҳем»
Душанбе, 06.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Маъракаи интихоботие, ки дар ҳаёти сиёсии Ӯзбекистон ба амал омад, барои мо низ мояи таваҷҷуҳ аст. Зеро натиҷаи ин маъракаи сиёсӣ аз бисёр ҷиҳат такондиҳандаи тавсеаи робитаҳои судманди дуҷониба шуда метавонад ва сокинони ҳар ду кишвар ба ин манфиатдор мебошанд»,-иброз дошт Абдураҳмон Муҳаммад, Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Абдураҳмон Муҳаммад гуфт: «Аллакай имрӯзҳо он иқдомҳое, ки дар сатҳи роҳбарикунандаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар амал татбиқ шуда истодаанд, моро ба он умедвор месозанд, ки онҳо ба манфиати беҳтар кардани ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва минтақавӣ равона шудаанд».
Ҳамсуҳбати мо ташрифи доираҳои тиҷоратӣ, ҳунарӣ ва ҳамлу нақли тарафайнро, ки моҳҳои охир ба амал омаданд, як пешравӣ дар муносибатҳои дуҷониба хонда, таъкид кард, ки зарфияти ҳамкории дуҷонибаи мо хеле зиёд аст ва умедворем, ки фазои сиёсие, ки пас аз интихобот дар Ҷумҳурии бародари Ӯзбекистон ба вуҷуд меояд, ба татбиқи онҳо мусоидат хоҳад кард.
«Новобаста аз он, ки муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду кишвар манфиати тарафайн доранд, мо бояд пеш аз ҳама, ба сиёсати дарҳои бози кишварамон такя намуда, барои ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳим талош кунем. Дар ин маврид бояд гуфт, ки аллакай баъзе расонаҳои хабарӣ кӯшиш доранд, ки дар муносибатҳои ҳасанаи байни ин кишварҳо сардӣ ворид намоянд, вале итминони комил дорем, ки ин ҳадафҳо барабас хоҳанд рафт. Зеро раванди ҷаҳоншавӣ ва воқеаҳои нохуши солҳои охир, махсусан низоъҳои динию мазҳабӣ дар як қатор кишварҳои Араб, моро водор менамоянд, ки дар сиёсати минтақавии Осиёи Марказӣ раванди дӯстию таҳамулпазариро бештар тақвият диҳем»,- илова намуд Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ.
Абдураҳмон Муҳаммад панҷ кишвари Осиёи Марказиро ба ангуштони як дасти бузург ташбеҳ дода, зикр намуд, ки онҳо дар якҷоягӣ барои рушду нумӯи минтақа қувваи бузурги геополитикию геостратегӣ доранд.
Сиёсатшиноси кишвар изҳори умед кард, ки Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сиёсати минтақавии Осиёи Марказӣ саҳифаи тоза боз намуда, ҳамкорию пайвандҳои деринаро қавитар мегардонад.








ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






