Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмоти суръатнок (Blitz): Карякин пешсафи мутлақ шуд

Декабрь 30, 2016 11:45

ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмоти суръатнок (Blitz), ки дар шаҳри Доҳаи Қатар идома дорад, шоҳмотбози рус Сергей Карякин дар даври панҷум Магнус Карлсени норвегиро ба мағлубият рӯ ба рӯ кард. Карякин панҷумин ғалабаи пайдарпайи худро дар ин силсилабозиҳо комёб гардид ва пешсафи мутлақ мебошад. Дар ин бора «sport-express.ru» хабар медиҳад.
Шоҳмотбозон имрӯз бо ҳам 11 дафъа бозӣ мекунанд. Пагоҳ гузаронидани 10 вохӯрии дигар дар назар аст.
Хотиррасон мекунем, ки моҳи ноябри соли равон Карякин ва Карлсен дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмоти классикӣ бо ҳам неру санҷиданд. Аз натиҷаи бозиҳои тай- брек Карлсен унвони чемпини ҷаҳонро ба даст овард.

Декабрь 30, 2016 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад