Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 18-сола ба машқҳо шурӯъ кард

Декабрь 15, 2016 08:50

ДУШАНБЕ, 15.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби то 18-солаи Тоҷикистон оид ба футбол аз дирӯз дар шаҳри Душанбе ба машқҳои худ оғоз кард. Футболбозони ҷавони мо дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин, ки  аз 8 то 21 январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия  мегузарад, ширкат меварзанд.  Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.
«Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби ҷавонони Россия, Тоҷикистон, Словакия, Юнон, Озарбойҷон, Булғория, Ҳиндустон, Эрон, Словения, Беларус, Қазоқистон, Эстония, Латвия, Литва ва Молдова иштирок мекунанд»,-хабар медиҳад манбаъ.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои марҳалаи аввалро дар шаҳри Душанбе то 30 юми декабр идома медиҳад. Ба ҳайати даста мураббиён ин бозингаронро даъват кардаанд:
Дарвозабонҳо:  Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Ҳомид Исоқов («Вахш»), Меҳвар Сулаймонов («Истиқлол»), Хисрав Раҳимов («Саройкамар»);
Муҳофизатгарон:  Султоншо Мирзоев («Помир»), Зиёвуддин Фузайлов, Ҳусейн Нурматов, Ҳувайдо Малиев, Ваҳдат Ханонов («Барқчӣ»), Маҳмадзарифи Абдураҳим, Манучеҳр Сафаров («Помир»), Оятулло Сафаров («Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон:  Кароматулло Саидов («Барқчӣ»), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев, Шаҳбоз Шарифӣ («Истиқлол»), Саидмухтор Азимов, Фаридун Неъматов, Шервонӣ Мабатшоев, Шаҳзод Давлатов («Помир»), Далер Ёдгоров («Барқчӣ»), Умарҷон Шарифов, Валӣ Зарифов («Вахш»), Сорбон Авғонов («Панҷшер»);
Ҳамлагарон: Нуриддин Ҳамроқулов («Барқчӣ»), Аваз Қамчинов («Равшан»), Шаҳром Самиев, Тоҳир Маладӯстов («Помир»), Мубинҷон Мӯминов («Хуҷанд»).
Тибқи низомномаи мусобиқа 16 даста дар чор гурӯҳ бо ҳам мусобиқа меороянд. Ду дастаи беҳтарин аз гурӯҳҳо муборизаро барои Ҷом идома медиҳанд ва бо ҳам ҷойҳои аз 1 то 8-умро тақсим мекунанд. Дастаҳои боқимонда дар вохӯриҳои плей-офф барои худ ҷойҳои боқимондаро муайян менамоянд.

Декабрь 15, 2016 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд