Дастаи «Рамис-Испечак» чемпиони Тоҷикистон байни собиқадорон гардид

Декабрь 22, 2016 14:01

ДУШАНБЕ, 21.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Собиқадорони дастаи «Рамис-Испечак» пеш аз анҷоми ду вохӯрии боқимондаи чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни собиқадорон унвони чемпиониро ба даст оварданд. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар дод.
Дастаи «Рамис-Испечак» аз 16 вохӯрии баргузоршуда дар 12 бозӣ ғалаба карда, 2 вохӯриро мусовӣ ва ду бозии дигарро бо бохт анҷом дод. Дар ҳайати даста беҳтарин бозингарони солҳои гузашта, чун Анвар Мирзоев, Саид Ғаюров, Аҳлиддин Турдиев, Рустам Хоҷаев, Хуррам Нозирӣ, Сӯҳроб Ҳамидов, Субҳон Хӯҷамов, Тоҷиддин Мираков, Рустам Қурбонов ва Шуҷоат Неъматов ҳунарнамоӣ карданд.
«Бозингарону мураббиён ва роҳбарони дастаро бо ин комёбӣ Директори генералии Лигаи футболи мамлакат Алишер Урунов табрик карда, медалҳои тилло ва Ҷоми мусобиқотро тақдим кард»,-хабар дод манбаъ.
То анҷоми мусобиқа ду бозии дигар байни дастаҳои «Пойтахт»-«Хуҷанд» ва «Хуҷанд»-«Спартак» боқӣ мондааст. Ин бозиҳо тақдири медалҳои нуқра ва биринҷиро ҳал хоҳанд кард.

Декабрь 22, 2016 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд