Файзобод: 710 нафар аз рӯйи 10 касб дар курсҳои кӯтоҳмуддат дарс меомӯзанд
ФАЙЗОБОД, 20.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бинои дуошёнаи Литсеи касбию техникии ноҳияи Файзобод аз ҳисоби Бонки исломии рушд ба маблағи 210 ҳазору 537 доллари амрикоӣ пурра таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулини Литсейи касбию техникии ноҳия иттилоъ доданд.
«Дар асоси Барномаи саводнокии касбӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон ва дар заминаи иншооти барқароргардидаи литсейи мазкур тибқи нақшаи пешакӣ дар муддати як сол барои омӯзиши касбии ҷавонон ва такмили маҳорату малакаи занони бекасб 710 нафар аз рӯйи 10 касб дар курсҳои кӯтоҳмуддат дарс меомӯзанд»,-зикр намуд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, хонандагони курсҳои кӯтоҳмуддат дар асоси барномаи таълимӣ 72 соат дарс хонда, соҳиби сертификати махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд.