Маҷаллаи «Паёми Суғд» ғолибони озмуни «Беҳтарин рубоӣ»-ро эълон намуд

Декабрь 30, 2016 14:42

ДУШАНБЕ, 30.12.2016. /АМИТ/ «Ховар»/. Моҳномаи адабӣ ва илмию оммавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд «Паёми Суғд» озмуни эҷоди рубоии беҳтарин бахшида ба «Соли фарди солим»-ро ҷамъбаст ва номи ғолибонро эълон намуд.
Тавре аз идораи маҷаллаи «Паёми Суғд» хабар доданд, дар ҷаласа Озарахш, сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд», Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Фарзона, шоирони халқии Тоҷикистон, шоирон Абдуҷаббори Суруш, Абдуллои Фозил ва чанд тани дигар дар бораи сайри таърихии рубоӣ дар фарҳангу адаби тоҷик суҳбат карданд.
«Бар асоси тасмими доварон, ки раёсати он бар уҳдаи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона буд, ҷои якум насиби Аъзами Хуҷаста дониста шуд. Ҷойи дуюми ин озмунро Ҳайрон Осимӣ ва Фирдавси Аъзам соҳиб гардиданд. Исмоил Зарифӣ, Бобоҷон Нурзод ва Савринисои Айёмзод мақоми сеюмро ишғол намуданд. Ба ғолибон мукофотҳои пулӣ ва китобҳо тақдим шуданд»,-хабар доданд аз идораи маҷалла.

Декабрь 30, 2016 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»