Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA беҳтар шуд
ДУШАНБЕ, 23.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мавқеи футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 22 декабр ба нашр расид, беҳтар шуда, ду зина боло рафт. Акнун дар байни 211 кишвари ҷаҳон бо 231 имтиёз Тоҷикистон дар ҷойи 129-ум қарор гирифт. Дар ин бора сомонаи «www.fifa.com» ҷадвали худро ба нашр расонд.
«Байни дастаҳои мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дастаи мунтахаби Тоҷикистон мақоми 19-умро касб кард. Ҳамоно дар радабандии нав дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 29-ум), Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи дуюм (дар ҷаҳон 37-ум) ва Япония дар ҷойи сеюм (дар ҷаҳон 45-ум) қарор доранд.
Мутаносибан дар таснифоти нав дастаи мунтахаби Аргентина дар ҷаҳон бо 1634 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Бразилия (1544 имтиёз) дар ҷойи дуюм ва тими Олмон (1433 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд»,-иттилоъ дод манбаъ.
Рейтинги нави FIFA 12 январ ба нашр мерасад ва он ба қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки дар он дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон низ ширкат мекунад, таъсиргузор хоҳад шуд. Қуръакашӣ 23 январ баргузор мегардад ва 24 даста ба 6 гурӯҳ бо ҳам тақсим мешаванд.
Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳхат мегиранд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт






