Медалҳои биринҷии Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум ба «Кӯктош» супорида шуданд

Декабрь 8, 2016 16:31

ДУШАНБЕ, 8.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз медалҳои биринҷии Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум ба футболбозони дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ супорида шуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ«Ховар» хабар дод.
Расми супоридани медалҳо дар Кохи фарҳанги ноҳия бо ширкати роҳбарони ноҳия ва ФФТ сурат гирифт.
Дастаи «Кӯктош» дар мавсими соли 2016 аз 24 вохӯрӣ дар 17 бозӣ ғалаба карда, 4 бозиро мусовӣ ва 3 вохӯриро бо бохт ҷамъбаст намуд ва бо касби 55 имитёз соҳиби ҷои сеюм гардид. Маротибаи дуввум аст, ки «Кӯктош» медалҳои биринҷии Лигаи якумро соҳибӣ мекунад.
Баъд аз анҷоми расми супоридани медалҳо маҳфили созу суруд ба ифтихори дастоварди дастаи «Кӯктош» сурат гирифт, ки омезиши варзиш ва фарҳангро дар худ таҷассум кард.
Ёдрас мешавем, ки дар Лигаи якум дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷололиддини Балхӣ барандаи медалҳои тилло ва «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ соҳиби медалҳои нуқра гардиданд.

Декабрь 8, 2016 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд