Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо: «Реал» маротибаи дуюм соҳиби Ҷом гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Япония бозиҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни клубҳо ба анҷом расиданд. Дар вохӯрии ниҳоӣ «Реал»-и Мадрид бо чемпиони Япония -КФ «Касима Антлерс» вохӯрда, бо натиҷаи 4:2 ғолиб омад ва маротибаи дуюм соҳиби Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо гардид. Дар ин бора сомонаи «football.kulichki.net» хабар медиҳад.
«Бори аввал дар таърихи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо мухлисон бозии ниҳоят зебо ва аҷибро тамошо карданд»,-хабар дод манбаъ.
КФ «Касима Антлерс» дар муқобили беҳтарин клуби футболи Аврупо -«Реал» муқовимати сахт нишон дода, барои футболбозонаш мушкилоти зиёдро ба вуҷуд овард. Дар оғоз баъди голи задаи Карим Бензема, дар дақиқаи 9 ҳама гумон доштанд, ки «Реал» ба осонӣ дар ин бозӣ ғолиб меояд, аммо чемпиони Ҷей Лига дар нимаи аввал бо муалифии Гаку Сибасаки натиҷаро мусовӣ карда, ба танаффус рафт ва дар дақиқаи 52 ҳамаро дар тааҷҷуб гузошт. Боз ҳамон Гаку Сибасаки голи дуюми худро ба нишон расонида, дастаашро ба сафи пеш баровард. Баъдан ба Криштиано Роналду муяссар гардид, ки аз зарбаи пеналтӣ (60) ҳисобро баробар кунад. Барои муайян кардани ғолиб ду қисми иловагӣ таъйин шуд ва дастпарварони Зенидин Зидан дар давоми ин вақти иловагӣ боз ба задани ду голи дигари Роналду муваффақ шуданд. Дар натиҷа онҳо бо ҳисоби 4:2 ғолиб омаданд.
«КФ «Касима Антлерс» ба мағлубият дучор шуда бошад ҳам, бояд бо чунин бозиаш дар муқобили беҳтарин клуби Аврупо ифтихор кунад»,-овардааст «football.kulichki.net».
2016, Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо:
«Реал» — «Касима Антлерс» 4:2 (1:1)
Муаллифи голҳо: Бензема, 9 (1:0); Шибасаки, 44 (1:1); Шибасаки, 52 (1:2); Роналду, 59 (пеналтӣ) (2:2); Роналдуо, 98 (3:2); Роналду, 104 (4:2)
«Реал»: Навас К.; Варан; Карвахал; Марсело; Серхио Рамос (Начо, 108); Каземиро; Кроос; Лукас Васкес (Иско, 81); Модрич (Ковачич, 106); Роналду (Мората, 112); Бензема
«Кашима Антлерс»: Уэда; Эндо (Ито, 102); Огасавара (Фабрисио, 67); Даиго; Шуто; Шибасаки; Шома (Судзуки, 89); Нагаки (Агасаки, 114); Шоджи; Му; Согахата
Огоҳӣ гирифтанд: Серхио Рамос, 55; Каземиро, 100; Карвахал, 102 — Шуто, 58; Фабрисио, 93
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






