Пешвои миллат ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 18.12.2016./АМИТ «Ховар»/. Чанд соат пеш ҳавопаймои «Боинг»-и ширкати «Сомон Эйр», ки ин субҳ аз шаҳри Ню-Деҳлӣ ба осмон хеста буд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳиндустон ба Ватан баргаштанд.
Тавре иттилоъ дода будем, Сарвари давлат аз 12 то 18 декабри соли равон бо сафарҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии демократии сотсиалистии Шри-Ланка ва Ҷумҳурии Ҳиндустон қарор доштанд. Дар ҷараёни ин сафарҳо Пешвои миллат бо роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои ин ду кишвари пешрафтаи Осиёи Ҷанубӣ мулоқот намуда, дар ҳамоишҳои соҳибкорон иштирок ва суханронӣ намуданд. Оид ба ривоҷи муносибатҳои Тоҷикистон бо Шри-Ланка ва Ҳиндустон дар бахшҳои мухталиф созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Расонаҳои хабарии Шри-Ланка ва Ҳиндустон сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишварҳояшон неку дӯстона ва натиҷаҳои ин сафарҳоро бобарор арзёбӣ намуданд.








16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад






