«Шоҳин Асмоӣ» -аввалин рақиби «Ҳосилот»-и Фархор дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми КФО

Декабрь 8, 2016 10:30

ДУШАНБЕ, 08.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Шоҳин Асмоӣ» -и Афғонистон аввалин рақиби дастаи «Ҳосилот»-и Фархор дар мусобиқа барои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 дар бозиҳои плей-офф гардид. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад.
«КФО тартиби гузаронидани мусобиқаи имсоларо барои Ҷоми ин ниҳод муайян карда, ба федератсияҳо маълумоти муфассал ирсол кардааст»-хабар медиҳад манбаъ.
Ба ҳамин тартиб, барандаи медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат- «Ҳосилот»-и Фархор дар дидори нахустини худ дар сафар бо чемпиони Афғонистон- дастаи «Шоҳин Асмоӣ» рӯзи 31 март вориди майдон мешавад, аммо гуфта нашудааст, ки бозӣ дар кадом варзишгоҳ ва дар куҷо баргузор мешавад.
Вохӯрии ҷавобии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе 7 феврал гузаронида хоҳад шуд.
«Ғолиби ин дидор дар раунди навбатӣ бо ғолиби ҷуфти дастаҳои «Дородой»-и Қирғизистон ва «Балкан»-и Туркманистон 21 ва 28 феврал қувва месанҷад. Дастаи муваффақ шомил ба бозиҳои гурӯҳи марказӣ мешавад»,-афзуд манбаъ.

Декабрь 8, 2016 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд