Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ аз олам даргузашт

Декабрь 7, 2016 11:18

mirzoДУШАНБЕ, 07.12.2016./АМИТ «Ховар»/. Мирзо Файзалӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар синни 74 даргузашт. Бино ба иттилои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, қалби шоир рӯзи гузашта аз тапидан бозмонд.
Мирзо Файзалӣ 9 майи соли 1942 дар рустои Чиртаки ноҳияи Ваҳдат таваллуд шуда, соли 1966 баъди адои хизмати ҳарбӣ дар рӯзномаи «Коммуна» (ҳозира «Шаҳриёр») ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохтааст. Соли 1973 шуъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, чанд муддат котиби масъули рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ» (ҳозира «Набзи Файзобод») ва беш аз даҳ сол мудири шуъбаи маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» будааст. Солҳои 1993-2010 сармуҳаррири рӯзномаи «Шаҳриёр»-и шаҳри Ваҳдат буд.
Давоми беш аз 40 соли машғул будан ба кори эҷодӣ маҷмӯаҳои назмию насрии ӯ, монанди «Шери тағош» (1984), «Кӯршапарак» (1989), «Бозёфти ҳайратовари доктор Сомонӣ» (1991), «Кайф аз Самак то бар Само» (1996), «Қотили қотилон» (1998), «Сангари номус» (2001), «Бо додҳо, фарёдҳо» (2002), «Чамани ёдҳо» (2004), «Ману Ватан» (2006), «Ба шумо дурӯғу ба Худо рост» (2005), «Шов-шови мардум» (2007), «Гӯри гумшуда» (2008), «Гулхори чида-чида» (2011) ва «Адлу дод асли ҷавонмардии ӯст» (2014) ба нашр расидаанд.

Декабрь 7, 2016 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад