Суғд: 92 адад корхонаи нав бо зиёда аз 2,5 ҳазор ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 16.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 11 моҳи соли равон баргузор гашт.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилоят хабар доданд, кори ҷаласа таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ҷараён гирифт.
«Дар ҷаласа Раиси вилоят таъкид дошт, ки дар вилоят дар ҳамаи бахшҳо корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, рушди ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи вилоят таъмин гардид. Дар ин давра қисми даромади буҷети вилоят ба андозаи 103,2 фоиз иҷро гардида, дар маҷмӯъ ба буҷет 1 миллиарду 246 миллиону 219,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Дар баробари ин, иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Деваштич, Конибодом, Зафаробод ва Спитамен таъмин нагардид»,-иттилоъ дод манбаъ.
Тибқи маълумоти расмӣ, давоми соли равон дар вилоят таъсиси 98 коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 92 адад корхонаи нав бо зиёда аз 2,5 ҳазор ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Илова бар ин, дар ин давра дар вилоят беш аз 315 ҳазор тонна ғаллагиҳо, 433 ҳазор тонна сабзавот, 348 ҳазор тонна картошка, 108 ҳазор тонна мевагӣ, зиёда аз 36 ҳазор тонна гўшт ва 218,5 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шудааст.
«Ҳамчунин дар 11 моҳ 1410 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 1270 гектар боғ ва 140,2 гектар токзор бунёд гардид, ки 129,5 фоизи нақшаи тасдиқгардидаи дурнамои соҳаро ташкил медиҳад»,-хабар доданд аз вилоят.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






