Алӣ Рифат: «Аз Сафир таъйин гардидан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Туркия фарҳанги шабеҳ дорад, хеле мамнунам»
ДУШАНБЕ, 25.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифатро, ки чанде пеш ба ин вазифа таъйин гардид, ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Вазорати фарҳанг хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ Алӣ Рифат изҳор дошт, ки аз сафир таъйин гардидан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Туркия фарҳанги шабеҳ дорад, хеле мамнун аст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои фарҳангии ду кишвар ибрози ақида намуданд. Аз ҷумла, ташкили рӯзҳои фарҳангӣ ва рӯзҳои синамои туркӣ дар Тоҷикистон, табодули таҷриба байни санъаткорони ду кишвар мавзӯъҳои асосии суҳбат буданд.
Алӣ Рифат иброз дошт, ки мардуми турк низ мисли мардуми тоҷик Ҷалолиддини Румиро, ки дурдонаи адабиёти тасаввуфӣ аст, мепарастанд. Ӯ таклиф намуд, ки дар барномаҳои муштараки фарҳангӣ намоиши рақси тасаввуфӣ низ ба роҳ монда шавад. Инчунин Сафири Туркия оид ба бунёди Маркази фарҳангии Туркия дар Тоҷикистон сухан ронд. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки ташкили чунин маркази фарҳангӣ ба таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ такони тоза мебахшид.
«Мардуми тоҷик низ нисбат ба фарҳанги турк эътиқоди хоса доранд, зеро мо аз қадим бо ҳам дӯсту бародарем», — гуфт Шамсиддин Орумбекзода ва илова намуд, ки робитаҳои фарҳангӣ барои таҳкими дӯстиву бародарии мардумони ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоваранд.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






