Ба футболбозони Тоҷикистон 4 имтиёз кумак накард
ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Баъди анҷоми бозиҳо дар гурӯҳи «А»-и мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин 4 имтиёз ба дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои роҳхат гирифтан ба даври минбаъда кумак накард. Футболбозони мо дар рақобат бо дастаҳои мунтахаби Юнон (1:0), Булғория (0:1) ва Эстония (1:1) бозии хуб нишон доданд, аммо натиҷаи бохт аз дастаи мунтахаби Булғория дар бозии байниҳамдигарӣ онҳоро аз идомаи мусобиқа барои Ҷом берун кард.
Ба ҳамин тартиб дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ҷараёни бозиҳо барои муайян кардани мавқеи худ боз се бозии дигар барпо мекунад. Вохӯрии аввалини он бо дастаи мунтахаби Беларус, ки дар гурӯҳи «В» зинаи охиринро ишғол кард, 14 январ дар назар аст.
Натиҷаи бозии даври 3
Тоҷикистон – Эстония – 1:1
Муаллифи голҳо: Марко Липп, 45 (0:1). Шериддин Бобоев, 63 (1:1).
Юнон – Булғория – 4:0
Б Ғ М Б Т/т И
1 Юнон 3 2 0 1 8-1 6
2 Булғория 3 1 1 1 1-4 4
3 ТОҶИКИСТОН 3 1 1 1 2-2 4
4 Эстония 3 0 2 1 1-5 2
Гурӯҳи «В»
Даври 3
Латвия – Ҳиндустон – 4:1
Беларус – Россия – 0:3
Б Ғ М Б Т/т И
1 Россия 3 3 0 0 12-0 9
2 Латвия 3 1 1 1 6-4 4
3 Ҳиндустон 3 1 0 2 2-12 3
4 Беларус 3 0 1 2 2-6 1
Бозиҳо дар ду гурӯҳи боқимонда имрӯз ҷамъбаст мешаванд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






