Барномаи нави «Футбол ба назди Шумо меояд» шурӯъ шуд
ДУШАНБЕ, 12.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Барномаи нави «Футбол ба назди Шумо меояд», ки бо ташаббуси ФФТ бори чорум гузаронида мешавад, оғоз гардид. Дар он дастаҳои футболи кӯчаву маҳаллаҳо иштирок мекунанд. Мақсади асосии барнома иштироки бештари кӯдакону наврасон ба бозии футбол мебошад.
Увайдо Давлатбеков, сардори шуъбаи футболи кӯдакону наврасони департаменти техникии ФФТ иттилоъ дод, ки дастаҳо аз 36 маҳаллаи шаҳр бо шумори 155 даста дар қувваозмоиҳо иштирок мекунанд. 20 дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Аз соли 2015 сар карда, ғолиби барномаи «Футбол ба назди шумо меояд» тибқи ҳамкории ФФТ ва Иттиҳоди футболи Россия дар мусобиқаи байналмилалии «Тӯби чармин» иштирок мекунад.
Барномаи «Футбол ба назди шумо меояд» аз ҷониби «Peace and Sport» -и шоҳигарии Монако соҳиби ҷоиза гардидааст.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






