Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода навбатдории фаврӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 23.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки мувофиқи пешгўии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 то 25 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор гардида, дар водиҳо боридани борону барфи зиёд ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво то 8-12 дараҷа дар назар дошта шуда, дар минтақаҳои алоҳидаи баландкўҳҳо, хусусан дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон шабона ҳарорати ҳаво то 30-35 дараҷа паст мефарояд. Дар ағбаҳои кӯҳӣ туман ва яхбандӣ пешбинӣ гардида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Бинобар ин, аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра аз сайру гашт, ҷамоварии ҳезум, шикор ва сафар кардан тавассути минтақаҳои кӯҳию осебпазир худдорӣ намуда, ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт тавассути роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо маҳдуд карда шавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ воситаҳои нақлиёт барои ҳаракат дар шароити барфу яхбандӣ ва туман бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуда, ронандаҳо қоидаҳои бехатариро дар роҳҳо ҳатман риоя намоянд. Ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳо аз эҳтимолияти шикастани дарахтон, кандашавии хатҳои интиқоли барқ ва афтодани яхпораҳо аз биноҳои баландошёна бо эҳтиёт бошанд.
Ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода ва рух додани ҳодисаҳои нохуш шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои навбатдорони фаврӣ муроҷиат намоянд:
Навбатдорони кумита- 111, 221-91-19, 223-13-11
Навбатдорони Ситоди шаҳри Душанбе 225-44-62, 225-44-76
Навбатдорони Ситоди ВМКБ код 3522 тел: 24057, 22744
Навбатдорони Ситоди вилояти Суғд-код 3422 тел: 51555, 57995
Навбатдорони Ситоди вилояти Хатлон код 3222 тел: 23505, 27827
Навбатдорони Ситоди минтақаи Кӯлоб код 3322 тел: 21656, 21657
Навбатдорони Ситоди минтақаи Рашт код 3131 тел: 22374
Навбатдорони Ситоди минтақаи Ҳисор-код 3139 тел: 26074












Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






