Хоккей: дастаҳои мунтахаби ИМА ва Канада дар финал

Январь 5, 2017 11:29

ДУШАНБЕ, 5.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои мунтахаби ИМА ва Канада дар бозиҳои нимниҳоии Чемионати ҷаҳон оид ба хоккей байни ҷавонони то 20-сола, ки шаби гузашта баргузор шуд, ғалаба карда, ба вохӯриҳои финалӣ роҳхат гирифтанд.
Дастаи мунтахаби Америка дар бозии аввали нимниҳоӣ бо хоккейбозони тими мунтахаби Россия вохӯрд. Рақобати ин дастаҳо ниҳоят пуршиддат гузашт ва дар вақти асосӣ ва иловагӣ натиҷаи сулҳомези 3:3 ба қайд гирифта шуд. Барои муайян кардани ғолиб булитҳо таъйин шуданд. Бахти хоккейбозони амрикоӣ баландӣ карду бо ҳисоби 4:3 ғолиб омада, ба бозии финалӣ роҳхат гирифтанд.
Дар бозии дигари нимниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Канада ва Шведсия вориди рақобат шуданд. Соҳибони чемпионат-канадагиҳо Шведсияро бо ҳисоби 5:3 шикаст доданд. Акнун онҳо 6 январ дар бозии финалӣ бо Америка қувва месанҷанд.
Дастаҳои мунтахаби Россия ва Шведсия имрӯз барои медалҳои биринҷӣ вориди майдон мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей миёни ҷавонони то 20-сола шурӯъ аз 26 декабр то 6 январ бо ширкати 10 даста дар Канада ҷараён дорад.

Январь 5, 2017 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд