Игор Шувалов: «Мардуми Тоҷикистон меҳнатдӯст ва бомасъулият ҳастанд»

Январь 28, 2017 11:01

ДУШАНБЕ, 28.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов зимни изҳороти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Федератсияи  Россия  оид ба ҳамкориҳои  иқтисодӣ аз ҷараёни он изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки дар ҷаласа масоили марбут ба ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои иқтисод ва савдо, энергетика, нақлиёт, фарҳанг, маориф ва роҳҳои ҳалли баъзе мушкилоти мавҷудаи миёни ҳарду кишвар мубодилаи судманд сурат гирифтанд.

Игор Шувалов соли 2017-ро соли муҳим номид, чунки дар ин сол аз барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Россия 25 сол сипарӣ мегардад. Баргузор гардидани ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматӣ ва сафари қарибулвуқӯи Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ аз воқеаҳои муҳими сол ном бурд.

Дар баромади Игор Шувалов омодагию  ҳавасмандии  ҷониби Россия  ҷиҳати  тақвияти  ҳамкорӣ  дар  самти содироти  маҳсулоти хушсифати  кишоварзии Тоҷикистон ба Россия, роҳандозии  хатсайрҳои ҳавоии байнидавлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар ва мусоидат ба беҳтарсозии  вазъи муҳоҷирати   меҳнатӣ таъкид гардиданд.

Муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия зикр кард, ки Тоҷикистону Россияро таърихан муносибатҳои дӯстона ба ҳам мепайвандад.  Ӯ мардуми Тоҷикистонро мардуми меҳнатдӯст ва бомасъулият номида, гуфт, ки дар айни ҳол дар Россия нафарони зиёд аз Тоҷикистон ба тиҷорати хусусӣ машғуланд ва дар рушди иқтисодиёти Росия саҳмгузоранд.

Игор Шувалов аз дастовардҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 изҳори хушнудӣ карда, ҳавасмандии  худро  ҷиҳати тақвияти  ҳамкорӣ дар  самтҳои гуногун иброз намуд. Тоҷикистон барои Россия ҳамчунон шарики муҳими стратегӣ ва дӯсти қарин боқӣ мемонад. И. Шувалов ифтитоҳи намояндагии маркази содиротии Россия дар Тоҷикистонро ба густариши ҳамкории миёни ду кишвар дар бахши тиҷоративу соҳибкорӣ маънидод намуда, зикр кард, ки марказ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия ҳамчунин илова намуд, ки он мушкилоту  монеаҳое, ки  мавҷуданд ва ба рушду тавсеаи   ҳамкории ду давлати ба ҳам дӯст таъсири манфӣ  мерасонанд, то мулоқоти роҳбарони ҳарду кишвар бартараф хоҳанд гардид.

Маврид ба зикр аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия бо назардошти воқеияти муосир устуворона ва давра ба давра тамоюлот ба таъмиқу тавсеа доранд. Дар заминаи афзун гардидани нақши дипломатияи иқтисодӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ муносибатҳои миёни Тоҷикистону Россия боз ҳам тақвият ёфта, ҷабҳаҳои нав ба нави ҳамкориро мувофиқи имконият, ниёзмандӣ ва манфиатҳои мутақобила фаро мегиранд.

 

Январь 28, 2017 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад