Имрӯз дар Варзишгоҳи марказӣ иди калони футбол барпо мегардад!

Январь 31, 2017 12:16

ДУШАНБЕ, 31.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт иди калони футбол барпо мегардад. Чемпиони Афғонистон «Шоҳин Асмоӣ» ба ҳайси мизбон барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон- «Ҳосилот»-и Фархорро дар доираи бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) қабул мекунад. Бозӣ соати 15:30 оғоз мешавад.
«Шоҳин Асмоӣ» дар таърихи футболи Афғонистон ҳамчун чемпион бори аввал дар мусобиқаи бонуфузи футболи Осиё иштирок мекунад. «Ҳосилот»-и Фархор низ ба ин мартаба бори аввал расидааст. Тибқи пешгӯии мутахассисони соҳаи футбол «Ҳосилот» имкон дорад бо дастгирии мухлисони сершумораш аз натиҷаи ду вохӯрӣ, ки дуюмаш низ дар ҳамин майдон 7 феврал мегузарад, ба бозиҳои ояндаи плей-офф гузарад.
Дар робита ба бозиҳои нахустини плей-оффи Ҷоми КФО дирӯз дастаҳои «Шабоб Алхалил»-и Фаластин бар «Алсувақ»-и Уммон бо натиҷаи 2:1, «Ҳоум Юнайтед»-и Сингапур бар «Пномпен Кроун »-и Камбоҷа дар сафар бо натиҷаи 4:3 ғолиб омаданд.
Имрӯз ҳамчунин дастаҳои «Дордой»-и Қирғизистон бо «Балкан»-и Туркманистон, «Коломбо» -и Шри Ланка бо «Моҳун Баган»-и Ҳиндустон ва «Симпу Сити»-и Бутан бо «Валенсия»-и Малдив вориди рақобатҳои аввалин мешаванд.

Январь 31, 2017 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад