«Истиқлол» дар бозии санҷишӣ ғалаба кард

Январь 11, 2017 11:00

ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии санҷишии навбатиаш бо КМВА «Помир» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо натиҷаи 4:1 ғалаба кард. Ин бозии санҷишӣ дар доираи тайёрӣ ба бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) гузаронида шуд.
Дар ҳайати чемпиони мамлакат- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе шумораи зиёди бозингарони нав ба мушоҳида мерасад. Мураббиёни даста бо роҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев барои пурзӯр кардани ҳайат футболбозонро аз дохилу хориҷи кишвар аз назар мегузаронанд. Дар ин вохӯрӣ Александ Барков аз Россия ба задани ду гол муваффақ шуд.
Дар нимаи дуюми вохӯрӣ ҳайати «Истиқлол» ба пуррагӣ иваз шуд ва ба Александр Кулинитси эстонӣ имкон фароҳам омад, ки ҳисобро тағйир диҳад. Тӯби чоруми соҳибони майдонро Ромиш Ҷалилов, ки соли гузашта шарафи дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро ҳимоя мекард, ба нишон расонд. Голи тасаллияти КМВА «Помир» бо муаллифии Нӯъмон Зокиров вориди дарвоза гардид.
Ин бозии дуюми таҷрибавию санҷишии «Истиқлол» дар идомаи тайёриҳо ба мавсими футболи нав аст. Пештар вохӯрии ин даста бо «Ҳосилот» (2:2) мусовӣ ҷамъбаст шуда буд.

Бозии санҷишӣ
«Истиқлол» КМВА «Помир» 4:1
Муалифи голҳо: Дмитрий Барков, 14 (1:0). Дмитрий Барков, 22 (2:0). Александр Кулинитс, 73 (3:0). Нӯъмон Зокиров, 83 (3:1). Ромиш Ҷалилов, 85 (4:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев (Рустам Ятимов, 46), Сиёвуш Асроров (Дилшод Восиев, 46), Дэвид Мавутор (Масих Саидғани, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Фаридун Шарифов, 46), Соҳиб Саванқулов (Табрези Давлатмир, 46), Ҷаҳонгир Алиев (Муҳаммад Шарифӣ, 46), Аҳтам Назаров (Шаҳром Сулаймонов, 46; Суҳроб Ҷалилов, 78), Дмитрий Барков (Муҳаммад Ҷаввод Будеш,46), Александр Вершагин (Александр Кулинитс, 46), Амирбек Ҷӯрабоев (Алишер Сафаров, 46), Манучеҳр Ҷалилов (Ромиш Ҷалилов, 46).

КМВА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Зоир Ҷӯрабоев, Комрони Мирзохон, Одил Бобоназаров, Фурӯғ Қодиров, Комрони Мирзонаҷот, Маҳмадалӣ Содиқов, Фирдавс Чақалов, Ораши Ковёнпур, Ҷамшед Муродов, Амирҷон Сафаров.
Дар қисми дуюм ба майдон омаданд: Ғулом Ризо, Вайсиддин Сафаров, Ҳусейн Хурӣ, Рустам Толибов, Сайёди Ковусшо.
Огоҳӣ гирифтанд: Масиҳ Саидғанӣ («Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Зоир Ҷӯрабоев (КМВА «Помир»).
Довари майдон: Эркин Мадибоев (Душанбе).

Январь 11, 2017 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд