Медалҳои нуқраи чемпионати Лигаи якуми футбол ба соҳибонашон расиданд
ДУШАНБЕ, 16.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи якум дирӯз дар маросими тантанавӣ ба футболбозони дастаи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ супорида шуданд. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад.
«Саройкамар» таҳти роҳбарии Идибек Ғаффоров аз 24 вохӯрии мавсими соли 2016 дар 18 вохӯрӣ ғалаба карда, ду бозиро мусовӣ анҷом дод. Ҳамагӣ дар 4 дидори дигар ба мағлубият рӯ ба рӯ шуд ва соҳиби 56 имтиёз гардид. Футболбозони ин даста аз дастаи ғолиб-«Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамагӣ 3 имтиёз кам гирифтанд.
Медалҳоро намояндагони расмии ФФТ дар ноҳияи Панҷ ба футболбозони «Саройкамар» тақдим карданд.
Ёдовар мешавем, ки «Саройкамар» чун «Панҷшер» ба бозиҳои мавсими соли 2017 и Лигаи олӣ роҳхат гирифтааст ва дар сурати гирифтани литсензия ба қатори дастаҳои Лигаи олӣ шомил хоҳад шуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






