Натиҷаи қуръакашии Ҷоми ФФТ

Январь 13, 2017 11:27

ДУШАНБЕ, 13.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қароргоҳи ФФТ расми қуръакашии мусобиқот барои Ҷоми ин ниҳод дар минтақаи марказ  баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи ФФТ иттилоъ медиҳад. Тибқи қуръакашӣ 9 дастаи минтақаи марказ ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуданд ва ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Регар ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА «Помир», «Локомотив» (Душанбе) ва Кӯктош (Рӯдакӣ), ба гурӯҳи «В» «Ҳосилот» (Фархор), «Барқчӣ», «Истиқлол» (Душанбе) ва «Хайр»(Ваҳдат) дохил шуданд.
Аз рӯи низомномаи мусобиқа дастаҳо дар як давр бо ҳам рақобат мекунанд ва аз ҳар ду гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Ғолиби гурӯҳи «А» ва ҷои дуюми гурӯҳи «Б» дар бозиҳои ниҳоӣ ба гурӯҳи «Б» ва ғолиби гурӯҳи «Б» ва ҷои дуюми гурӯҳи «А» ба гурӯҳи «А» шомил мешаванд.
Аз рӯи анъана мусобиқа барои ҷоми ФФТ дар ду марҳала- интихобӣ ва ниҳоӣ гузаронида мешавад. Марҳалаи интихобӣ дар се минтақа- Душанбе, вилояти Суғд ва Хатлон доир гардида, 8 дастаи беҳтарин ба мусобиқаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Бино ба иттилои ФФТ, бозиҳои ниҳоӣ аз 10 то 19 феврал дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.
«Дастаҳое, ки ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд, вале ба он ҳозир намешаванд, ба муҷозоти молӣ ба маблағи 10 000 сомонӣ гирифтор хоҳанд шуд»,-омадааст дар хабари сомонаи ФФТ.
Ёдрас мешавем, ки соли 2016 дастаи «Регар ТадАЗ» дар бозии ниҳоӣ бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, соҳиби ҷоми ФФТ гардида буд.

Январь 13, 2017 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд