Охирин бозии санҷишии «Истиқлол» бо «Ҳосилот»- и Фархор пеш аз сафар ба Туркия
ДУШАНБЕ, 16.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе бозии охирини худро пеш аз сафар ба Туркия бо «Ҳосилот»-Фархор дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо намуд. Вохӯрӣ бо натиҷаи 3:2 бо ғолибияти чемпионҳо хотима ёфт.
«Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор, ки тайёрии худро ба бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) идома медиҳанд, дирӯз бо як бозии таҷрибавию санҷишӣ хотири мухлисонашонро шод карданд. Аз оғоз бозии ин дастаҳо ниҳоят ҷолибу шавқовар сурат гирифт. Легионери ӯзбекистонии дастаи «Ҳосилот»-Сайриддин Ғаффоров тавонист дар дақиқаи 7-ум ҳисобро боз кунад. Беҳтарин бозингари соли гузаштаи кишварамон Манучеҳр Ҷалилов 10 дақиқа пеш аз анҷоми нимаи аввал натиҷаро баробар кард. Дмитрий Баркови рус, ки аз назари мураббиёни «Истиқлол» мегузарад, дар дақиқаи 50-ум соҳибони майдонро ба сафи пеш баровард. Ин голи сеюми Барков дар ду бозии охири санҷишии «Истиқлол» ба шумор меравад. Ҷаҳонгир Алиев муаллифи голи сеюми «Истиқлол» ва Хайрулло Азизов муаллифи тӯби дуюми «Ҳосилот» гардиданд.
Ин охирин бозии санҷишии «Истиқлол» пеш аз сафар ба шаҳри Анталияи Туркия мебошад, ки даста марҳилаи навбатии омодагиро таҳти роҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев дар он ҷо барпо мекунад.
Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол» ва «Ҳосилот» имсол шарафи Тоҷикистонро дар бозиҳои Ҷоми КФО ҳимоя мекунанд.
Бозии санҷишӣ. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 600 тамошобин.
«Истиқлол» — «Ҳосилот» 3:2
Муаллифи голҳо: Сайриддин Ғаффоров, 7 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 34 (1:1). Дмитрий Барков, 50 (2:1). Ҷаҳонгир Алиев, 62 (3:1). Хайрулло Азизов, 83 (3:2).
Ҳайати дастаҳо:
«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев (Рустам Ятимов, 46), Дэвид Мавутор, Амирбек Ҷӯрабоев, Соҳиб Саванқулов (Фаридун Шарипов, 26), Сиёвуш Асроров (Алишер Сафаров, 86), Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ромиш Ҷалилов, 70), Ҷаҳонгир Алиев, Александр Кулинитс (Дилшод Восиев, 46), Манучеҳр Ҷалилов (Сӯҳроб Ҷалилов, 72), Дмитрий Барков.
«Ҳосилот» (Фархор): Фатҳулло Бобоев, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Ойбек Абдуғаффоров, Мӯсо Содиқ, Акуффо Гершон (Абдурасул Раҳмонов, 62), Сайриддин Ғаффоров (Хайрулло Азизов, 70), Иброҳим Рабимов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Агблей Ҷонс (Саидалии Сафаралӣ, 80), Шодибек Ғаффоров (Абдусамад Хоҷибоев, 57).
Огоҳӣ гирифтанд: Саидалии Сафаралӣ, Сайриддин Ғаффоров («Ҳосилот»).
Аз майдон ронда шуд (бо ивазшавӣ): Сиёвуш Асроров («Истиқлол»), 86, корти 2-юми зард.
Довари майдон: Насрулло Кабиров (Норак).








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






