«Ҳосилот» пеш аз анҷоми бозиҳои гурӯҳии Ҷоми ФФТ ба финал баромад

Январь 30, 2017 11:57

ДУШАНБЕ, 30.01.2017/АМИТ «Ховар»/. «Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор баъди ғалаба бар ҳайати ҷавонони дастаи «Истиқлол» пеш аз анҷоми бозиҳои Ҷоми ФФТ дар гурӯҳи «Б» ба финали мусобиқот роҳхат гирифт. Вохӯрӣ бо натиҷаи 7:0 ҷамъбаст шуд.
Ин вохӯрӣ дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ сурат гирифт. Футболбозони ботаҷрибаи дастаи «Ҳосилот» ба ҷавонони «Истиқлол» имкони баробар бозӣ карданро нагузоштанд ва бо муаллифии Шодибек Ғаффоров (ду гол), Сайриддин Ғаффоров, Агблей Ҷонс, Ойбек Абдуғаффоров, Абдусамад Хоҷибоев ва Баҳром Изомов 7 маротиба дарвозабони «Истиқлол» Меҳвар Сулаймоновро маҷбур карданд, ки тӯбҳоро аз дарвозааш гирад.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Хайр» бар «Барқчӣ» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ба ҳамин тартиб, барои ба бозиҳои ниҳоӣ баромадан «Хайр» ва «Истиқлол» имкон доранд.
Имрӯз «Ҳосилот» бо «Барқчӣ» ва «Истиқлол» бо «Хайр» қувва месанҷанд.

    Б Ғ М Б Т/т И
1 «Ҳосилот» (Фархор) 2 2 0 0 9-0 6
2 «Хайр» (Ваҳдат) 2 1 0 1 1-2 3
3 «Истиқлол» (Душанбе) 2 1 0 1 2-8 3
4 «Барқчӣ» (Душанбе) 2 0 0 2 1-3 0
Январь 30, 2017 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд