Рамазон Раҳимзода аз Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб дидан кард
ДУШАНБЕ, 30.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. 28 январи соли равон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Кӯлоб сафари хизматӣ намуда, аз Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дидан кард.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, зимни боздид аз Коллеҷи мазкур Вазири корҳои дохилӣ бо шароити хизматӣ ва таълимӣ, ҳамчунин аз хобгоҳ, синфхонаҳо ва ҳолати дарсгузаронии омӯзгорон аз наздик шинос шуда, бо устодону шунавандагони ин боргоҳи илму маърифат вохӯрӣ доир намуд.
Рамазон Раҳимзода дар хусуси Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 чунин гуфт: «Ҳукумати мамлакат баҳри беҳдошт, дастгирии ҷавонон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар самтҳои гуногуни ҳаёти кишвар тамоми тадбирҳоро андешида, баҳри он мекӯшад, ки ин насли ояндасози миллат бо андӯхтани илму дониш, ҳунар ва маърифат дар пешрафту шукуфоӣ ва ободии Ватан саҳмгузор бошад».








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






