Руҳуллоҳ Ҳакимзода: «Амонатбонк» аз ҳисоби ҷалби муштариён ба хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ мавқеи аввалро соҳиб гашт

Январь 17, 2017 16:48

ДУШАНБЕ, 17.01.2017 /АМИТ Ховар/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Раёсати бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳуллоҳ Ҳакимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки «Амонатбонк» дар низоми бонкии ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷалби муштариён ба хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ мавқеи аввалро соҳиб гашта, 70 фоизи бозорро дар ин самт фаро гирифтааст.
«Ҳоло шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ дар «Амонатбонк» ба 1,2 миллион нафар расидааст, ки ин нисбат ба соли 2015 284 ҳазор нафар зиёд мебошад. Бо мақсади сари вақт огоҳӣ ёфтани нафақагирон аз воридшавии маблағ ба суратҳисобашон ба 9 ҳазор телефонҳои мобилии нафақагирон хизматрасонии СМС-паёмак ба таври ройгон пайваст карда шудааст», — гуфт Руҳуллоҳ Ҳакимзода

Январь 17, 2017 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид