Се лижарони Тоҷикистон дар Универсиада ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 30.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Се нафар лижаронҳои Тоҷикистон дар Универсиадаи XXVIII зимистона, ки дирӯз дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз ёфт, ширкат меварзанд. Маросими ифтитоҳи бозиҳо дар варзишгоҳи «АлматиАрена» баргузор шуд.
Аз рӯи барномаи Универсиада мусобиқаҳо дар ҳашт иншооти варзишӣ мегузаранд, ки дар онҳо беш аз ду ҳазор варзишгари аз 17 то 28-сола аз 55 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.
Тавре сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба лижаронӣ Илҳом Абдуллоев ба радиои «Ховар» 101,5 FМ хабар дод, варзишгарони тоҷик аввалин бор дар Универсиадаи зимистона дар риштаи лижаронии кӯҳӣ ширкат мекунанд. Ҳайати дастаи мунтахаби моро се лижарон Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Дониёр Каримов ташкил медиҳанд.
Ба барномаи Универсиада-2017 биатлон, варзиши лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, рақси рӯи ях, сноуборд, фристайл, шорт-трек ва хоккей дохиланд. Донишҷӯён дар маҷмӯъ барои 86 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд ва Универсиада то 8 феврал идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки бори аввал Универсиада дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор шудааст ва он дар ҳар ду сол доир мегардад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






