Ш.Хоҷаев: «Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон меафзояд»

Январь 16, 2017 16:08

Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя бояд  ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон, Паём, 22.12.2016

Шерали ХочаевДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ Ховар/. Аз  таҳлилҳо бармеояд,  ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ зимни сафар ба Тоҷикистон ба мероси таърихию фарҳангии  кишвари мо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ин ҷост, ки  истифодаи мероси таърихию фарҳангии кишвар  дар рушди соҳаи туризм нақши сазовор мегузорад.

Доир ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Шералӣ Хоҷаев, номзади илмҳои бостоншиносӣ, мудири шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси  таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардид.

Ховар: Шиносоӣ бо мероси нодири таърихию фарҳангии кишвари мо таваҷҷуҳи сайёҳонро ба кишвари мо меафзояд. Шумо ҳамчун мутахассиси соҳа корро дар ин самт чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Шералӣ Хоҷаев:  Ҳифзу тарғиб ва истифодаи  ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ ба Феҳристи фарҳанги умумиҷаҳонӣ — ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо яке аз ҳадафҳои асосии кормандони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки  бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ  соли 1950  оғоз гардида,  тибқи руйхати мазкур 205 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ, инчунин 159 адад ёдгориҳои бостонии бақайдгирифташуда, вале таҳқиқношуда ва давраи дуюми бақайдгирии он  соли 1971 сурат гирифта,   2020 адад ёдгории  таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалиро дар бар мегирифт.

Соли 2016 лоиҳаи Феҳристи объектҳои мероси моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид, ки ба Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» пешниҳод  гардид ва  тибқи лоиҳаи мазкур   миқдори умумии ёдгориҳои моддӣ дар ҷумҳурӣ 3047 адад  муайян гардидааст. Бояд зикр кард, ки  ин  рақам ниҳоӣ набуда,  бо назардошти иловаи ёдгориҳои бостонӣ шумораи онҳо меафзояд. Баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои марбута Феҳрист барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, шакли электронии он ба бойгонии шабакаи ягонаи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ворид  мешавад.

Ҳамчунин аз соли 1991 то имрӯз дар ҷумҳурӣ 14 номгӯи  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бобати  ҳифзи ёдгориҳои таъихию фарҳангӣ  қабул гардидаанд.

Ховар: Яъне  тамоми дастовардҳо дар ин соҳа  маҳз ба  замони соҳибистиқлолии кишвар  рост меоянд?

Шералӣ Хоҷаев:  Бале,  маҳз дар ҳамин давра шумораи муассисаҳои вобаста ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маротиб афзуд. Таъсиси Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, Муассисаи давлатии Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, Муассисаи давлатии маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрўд, Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ натиҷаи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар  мебошанд. Умуман дар давоми 25 соли истиқлолияти кишвар шумораи кормандони соҳа аз 48 нафар ба 161 воҳиди корӣ расида, таваҷҷуҳ ва муносибат бо мероси ниёгон ва худшиносии миллию ватандўстӣ хеле боло рафтааст.

Дар радифи таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ,  ҳамчунин ба масъалаи тармиму нигаҳдошти онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ бобати  корҳои тармиму барқарорсозӣ ва маҳфузмонии ёдгориҳои моддӣ зиёда аз 50 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ ба маблағи умумии 35987 млн. сомонӣ    аз ҳисоби буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба анҷом расонида шудааст.

Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ  ва меъмории  Мақбараи Зайналобиддини ноҳияи Ҷиликул, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Хоҷа Дурбоди ноҳияи  Шаҳритуз, Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  дар шаҳри Кўлоб, Мақбараи Абулқосими Гургонӣ  дар  ноҳияи  Айнӣ, Мақбараи Хоҷа Аюби Ансорӣ, Мақбараи Ҳазрати Султон дар ноҳияи  Ховалинг, Мақбараи Мавлоно Қутбиддин дар ноҳияи  Балҷувон, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, Хоҷаи Заррин, Шаҳидҷон дар   ноҳияи  Данғара, Масҷиди Мавлоно Усмони Чархӣ дар шаҳри  Истаравшан, Мақбараи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Қалъаи Санҷаршоҳ дар шаҳри  Панҷакент, хона-музей ва мақбараи шоир Нақибхон Туғрал  дар ноҳияи  Айнӣ, мақбараҳои Хоҷаи Нур ва Шоҳи Хомўш  дар ноҳияи Муъминобод, Қалъаи Вомари ноҳияи  Рўшон, Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи  Восеъ, Қалъаи Балҷувон, Қалъаи Мўъминобод, ёдгориҳои мамнӯъгоҳи Ҳисор, Қалъаи Ўрда дар шаҳри Исфара, Масҷиди Чилсутун дар ноҳияи  Деваштич, Қалъаи Муғтеппа дар ноҳияи  Шаҳристон номгӯи як миқдор ёдгориҳои дар давраи  соҳибистиқлолии кишвар  мавриди омўзиш, тармим ва барқароргардида  мебошанд.

Корҳои тармим ва барқарорсозии  ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ  тибқи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020»   дар марҳилаи 2 ( барои солҳои 2016-2020) аз ҷониби Муассисаи Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангии «Тоҷик МДМЁ»  роҳандозӣ мегардад. Корхонаи мазкур дар соли гузашта  аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ  ба маблағи 403 ҳазор сомонӣ корҳои  тармиму барқарорсозии ёдгории меъмории «Қалъаи Балҷувон»-и ноҳияи Балҷувонро  ба анҷом расонида, айни замон  корҳои барқарорсозии Қасри ҳокими Ҳисор дар шаҳри Ҳисор  ва Қасри Шоҳони Хатлон дар ноҳияи Восеъ   идома доранд.

Ховар: Соли гузашта сайёҳони хориҷӣ бештар аз кадом ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ дидан намуданд?

Шералӣ Хоҷаев:   Дар давоми соли 2016 аз Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор 4606 нафар,  Муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук  337 нафар, Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрӯд 557 нафар, Муассисаи давлатии осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара 305 нафар,  Муассисаи давлатии осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ  40 нафар сайёҳони хориҷӣ дидан намуданд. Ин рақамҳо дар муқоиса ба солҳои пешин  ба маротиб зиёданд.

Кор дар ин самт идома дорад ва боварам комил аст, ки таваҷҷуҳи  сайёҳони хориҷӣ барои боздид аз  ин мавзеъҳои таърихии кишвари мо сол то сол меафзояд.

Бо ин мақсад кормандони вазорат  дар ҳамоишҳои  байналмилалӣ оид ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар шаҳрҳои Москва, Минск, Алмаато, Бишкек, Тошканд, Самарқанд, Деҳлӣ ва  Пекин    иштирок намуданд. Ба онҳо муяссар гардид, ки  дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи Тоҷикистонро оид ба масъалаи мазкур мустаҳкам намуда, ба ин васила  ҷаҳони муосирро бо мероси пурғановату пурарзиши тоҷикон шинос   намоянд.

Дар ин ҳамоишҳои байналмилалӣ  13 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъмории  Тоҷикистон ба рўйхати силсилаҷоизаи «Шоҳроҳи бузурги абрешим»и  ЮНЕСКО ворид   шуданд, ки боиси ифтихори тоҷикистониёнанд.  Ба ин номгӯи  ёдгориҳои таърихӣ  шаҳраки Панҷакенти қадим, шаҳраки Бунҷикат, шаҳраки  Ҳисор, Дайри буддоии Аҷинатеппа,  Мадрасаи Хоҷа Машҳад, шаҳраки Тахти Сангин, шаҳри Ҳулбук, Қалъаи Ямчун ёдгориҳои Водии Вахон, Қалъаи Хуҷанд, Маҷмааи меъмории асримиёнагии Шайх Муслиҳиддин, тасвирҳои рўисангии ноҳияи Ашт, ёдгории меъмории асримиёнагии Мадрасаи Ойим, ёдгории меъмории асримиёнагии  Мадрасаи Мир Раҷаб дохил гардидаанд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  амал намуда, баҳри пурсамар ба роҳ мондани фаъолияти ин муассисаҳои зертобеъ тадбирҳои судманд андешида, тасмим гирифтааст, ки ин мавзеъҳоро ба  макони дӯстдоштаи  меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ табдил диҳанд.

 

Мусоҳиб  Рухсора НУРОВА

Январь 16, 2017 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рушди бозори меҳнат дар шароити иқтисоди «сабз» баррасӣ шуд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд
Дар Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии кишоварзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» муаррифӣ гардид
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Линии Чин табодули таҷриба менамоянд
«TOURIST MAP TAJIKISTAN». Он барои ба сайёҳон муаррифӣ намудани мавзеъҳои Тоҷикистон таҳия гардид
Бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиш доир гардид
Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«РОҲГАРДИИ СКАНДИНАВӢ». Дар Тоҷикистон мусобиқаи варзишии сайёҳӣ аз ин намуд баргузор мегардад