Шиновари ҷопонӣ рекорди ҷаҳонро дигар кард
ДУШАНБЕ, 31.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Шиновари ҷопонӣ Иппей Ватанабе рекорди ҷаҳонро дар шиноварӣ ба масофаи 200 метр бо услуби хоси брасс дар ҳавзи 50 метра дигар кард. Ин натиҷа дар мусобиқаи Токио ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора «Р-Спорт» хабар медиҳад.
Ватанабеи 19-сола ин масофаро дар 2 дақиқаю 6,67 сония тай намуда, шахсе гардид, ки нишондодро аз 2 дақиқаю 7 сония беҳтар кардааст. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ Ватанабе бо нишон додани натиҷаи 2 дақиқаю 7,22 то сония дар рақобатҳои нимниҳоӣ рекорди олимпиро беҳтар намуд. Дар маҷмӯъ ӯ дар мусобиқаи финалӣ соҳиби мақоми 6-ум гардид.
Рекорди пешина дар ин масофа ба шиновари дигари ҷопонӣ Акиҳиро Ямагучӣ (2,07,01) мансуб буд.
Соли 2014 Ватанабе дар шаҳри Нанкини Чин сазовори медали тиллои бозиҳои олимпии ҷавонон гардидааст.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






