Шумораи иштирокдорони бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2026 ба 48 адад расонида шуд
ДУШАНБЕ, 11.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Шумораи иштирокдорони бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2026 аз 32 даста ба 48 адад расонида шуд. Дар ин бора Шӯрои ФИФА дирӯз қарори худро ба тасвиб расонд. Дар овоздиҳӣ ҳама якдилона ин пешниҳодро маъқул шумориданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ФИФА.
Президенти кунунии ФИФА Ҷанни Инфонтино пеш аз ба мансаби раисӣ расиданаш ваъда карда буд, ки дар сохтору гузаронидани бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон тағйирот ворид мекунад ва шумораи иштирокдорони бозиҳои ниҳоиро ба 40 даста мерасонад. Ин ваъда ҷомаи амал пӯшид ва ба ҷои 40 даста шумораи 48 даста интихоб шуд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Россия ва Қатар солҳои 2018 ва 2022 бо тарҳи кӯҳна ва иштироки 32 даста гузаронида мешаванд. Аммо аз соли 2026 сар карда, ин шумора 48 дастаро ташкил медиҳад. Ин миқдор дастаҳо ба 16 гурӯҳи аз 3 даста иборат ҷудо карда шуда, бозиҳо аз марҳалаи 1/32-ниҳоӣ оғоз мегарданд. Дар 32 рӯзи баргузории бозиҳо 80 вохӯрӣ гузаронида мешаванд.
Аз нигоҳи молиявӣ тарҳи нави бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон ба буҷаи ФИФА нисбат ба шакли ҳозираи мусобиқа 640 миллион доллар даромади соф ворид хоҳад кард.
Ба ҳамин тартиб, дар соли 2026, ки ҳоло макони баргузориаш маълум нест, 16 давлати дигар метавонанд дар он намояндагони худро бинанд.
Дар иттилоия дар бораи аз кадом федератсияҳо чанд даста илова мешавад, чизе гуфта нашудааст.








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






