Тақвими мусобиқаи футболбозон барои Ҷоми ФФТ ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 20.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон тақвими мусобиқаро барои Ҷоми ФФТ -2017 дар минтақаи Душанбе ба нашр расонд. Он аз 26 январ оғоз ёфта, то 6 феврал идома меёбад.
Тавре хабар дода будем, тибқи қуръакашӣ 9 дастаи минтақаи марказ ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуданд ва ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Регар ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА «Помир», «Локомотив-Помир» (Душанбе) ва Кӯктош (Рӯдакӣ), ба гурӯҳи «В» «Ҳосилот» (Фархор), «Барқчӣ», «Истиқлол» (Душанбе) ва «Хайр»(Ваҳдат) шомил шуданд.
Аз рӯи низомномаи мусобиқа дастаҳо дар як давр бо ҳам рақобат мекунанд ва аз ҳар ду гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Бино ба иттилои ФФТ, бозиҳои ниҳоӣ аз 10 то 19 феврал дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд ва 8 дастаи беҳтарин ба мусобиқаи ниҳоӣ аз се минтақа- Душанбе, вилояти Суғд ва Хатлон роҳхат мегиранд.
Тақвими мусобиқа дар минтақаи Душанбе
Даври 1
26 январ (панҷшанбе)
12:30 «Ҳосилот» «Хайр»
15:00 «Барқчӣ» «Истиқлол»
27 январ (ҷумъа)
12:30 «Регар-ТадАЗ» «Локомотив-Помир»
15:00 КМВА «Помир» «Кӯктош»
Даври 2
28 январ (шанбе)
12:30 «Ҳосилот» «Истиқлол»
15:00 «Баркчӣ» «Хайр»
29 январ (якшанбе)
12:30 «Ваҳдат» «Кӯктош»
15:00 «Регар-ТадАЗ» КМВА «Помир»
Даври 3
30 январ (душанбе)
12:30 «Ҳосилот» «Барқчӣ»
15:00 «Истиқлол» «Хайр»
1 феврал (чоршанбе)
12:30 «Ваҳдат» «Локомотив-Помир»
15:00 «Регар-ТадАЗ» «Кӯктош»
Даври 4
3 феврал (ҷумъа)
12:30 «Ваҳдат» КМВА «Помир»
15:00 «Локомотив-Помир» «Кӯктош»
Даври 5
6 феврал (душанбе)
12:30 «Ваҳдат» «Регар-ТадАЗ»
15:00 КМВА «Помир» «Локомотив-Помир»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






