Қуръакашии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019: дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо кадом даста бозӣ мекунад?

Январь 20, 2017 11:39

ДУШАНБЕ, 20.01.2017/АМИТ «Ховар»/. 23 январ дар шаҳри Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Араб қуръакашии марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 гузаронида мешавад, ки аз натиҷаи он рақибони дастаи мунтахаби кишварамон муайян хоҳад шуд.
Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) баъди раддабандии нави ФИФА тарзи ҷойгиршавии дастҳои Осиёро дар сабадҳо аз рӯи рейтинг ҷо ба ҷо гузошт ва аз рӯи он қуръакашӣ мекунад.

Ҷойгиршавии дастаҳо дар сабадҳо ба таври зайл аст:

Сабади 1: Урдун, Уммон, Филиппин, Баҳрайн, Қирғизистон, ҶХДК.
Сабади 2: Ҳиндустон, Фаластин, ТОҶИКИСТОН, Ветнам, Гонконг, Туркманистон.
Сабади 3: Малдив, Лубнон, Яман, Афғонистон, Тайван, Мянма.
Сабади 4: Малайзия, Сингапур, Камбоҷа, Непал, Бутан, Макао.

Тавре аз ин нақша бармеояд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳангоми қуръакашӣ бо дастаҳои дар сабадҳои якум, сеюм ва чорум буда, як гурӯҳро ташкил медиҳад. Пас дастаҳое, ки дар сабади дуюм ҳастанд- Ҳиндустон, Фаластин, Ветнам, Ҳонконг ва Туркманистон дар марҳилаи интихобӣ рақиби футболбозони мо намешаванд.

Тибқи тарҳрезии тақвими мусобиқоти интихобӣ дастаи мунтахаби миллии мо дар соли 2017 се бозиро дар майдони худ ва ду бозиро дар сафар мегузаронад. Як бозии дигар ба соли 2018 рост меояд.

Дар даври якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 тими миллии Тоҷикистон 28 март дар сафар бо яке аз дастаҳои сабади сеюм қувва меозмояд. 13 июн дар даври дуюм дастае аз сабади якум меҳмони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе мешавад. Дар даври сеюм 5 сентябр футболбозони мо дар сафар бо яке аз дастаҳои сабади чорум ва 10 октябр бо ҳамин даста дар бозии ҷавобӣ дар шаҳри Душанбе қувва меозмоянд. Дастпарварони Ҳаким Фузайлов дар соли 2017 бозии охирини худро бо дастае аз сабади сеюм дар майдонашон доир мекунанд ва бозии охирини интихобиро 27 марти соли 2018 дар сафар бо як дастаи мунтахаб аз сабади якум мегузаронанд.

Аз натиҷаи мусобиқаҳои интихобӣ аз 6 гурӯҳ 12 дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё -2019 роҳхат мегиранд.

Январь 20, 2017 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд