В. ГЛУХОВ: «ТОҶИКИСТОН ҶАННАТЕСТ, КИ АЗ ДАСТ ДОДААМ…»
ДУШАНБЕ, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 14 январ дар Музейи санъати русии Ню-Ҷерсӣ намоишгоҳи инфиродии рассом аз Тюмен Владимир Глухов ифтитоҳ мегардад. Рассом ба агентии ТАСС гуфтааст, ки нигораҳояш дар ин намоишгоҳ аз Тоҷикистон ҳикоят мекунанд.
Асарҳои Владимир Глухов хусусиятҳои ҷашнҳои шарқӣ ва саҳнаҳои зиндаи возеҳро тасвир мекунанд. Муаллиф робитаи амиқи инсон бо табиатро тасвир менамояд.
Владимир Глухов дар мусоҳибае бо радиои «Озодӣ» дар посух ба саволи «Тоҷикистон дар зеҳни Шумо як афсонаи зебоест, ки дилатон ба ёди он метапад?» чунин посух додааст: «Афсона не, ҷаннатест, ки аз даст рафтааст. Ёд дорам, ки Тоҷикистон дар солҳои 1980 ва оғози 1990-ум мушкилоти зиёд дошт. Вале ин ватан аст. Ватанро интихоб намекунанд. Модарро интихоб намекунанд. Модарро бо тамоми вуҷуд ва тавре ки ҳаст, дӯсташ медоранд».
«Ин аввалин намоишгоҳи ман дар Амрико аст, ки то 28 январ идома меёбад. Барои намоиш 22 коре, ки соли 2016 анҷом дода шудаанд, интихоб гардидаанд. Ташкилкунандаи намоишгоҳ Фонди дастгирии санъат ва фаъолияти осорхонавии «Русские меценаты» мебошад», — гуфт рассом.
Намоишгоҳи расмҳои Владимир Глухов дар ИМА — яке аз аввалин лоиҳаҳои хайриявии фонд мебошад.
















Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






