17 март ҳамгурӯҳони дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакат ((U-23) муайян мегарданд

Февраль 16, 2017 11:49

ДУШАНБЕ, 16.02.2017/АМИТ «Ховар»/. 17 март ҳамгурӯҳони дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакат ((U-23), ки дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол ширкат меварзанд, муайян хоҳанд шуд.
Қуръакашии бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё -2018 дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия гузаронида мешавад.
Барои иштирок дар ин мусобиқа 42 кишвар аллакай дархости худро равон кардаанд. Ба минтақаи ҷануб 22 дастаи мунтахаб, аз ҷумлаи Ироқ, Қатар (мизбони гурӯҳ), Амороти Мутаҳидаи Араб( мизбон), Эрон, Урдун, Ӯзбекистон, Сурия, Арабистони Саудӣ (мизбон), Уммон, Кувайт (иштирокаш то ҳол муайян нест), ТОҶИКИСТОН, Покистон, Фаластин (мизбон), Баҳрайн, Ҳиндустон, Қирғизистон (мизбон), Лубнон, Афғонистон, Бангладеш, Шри-Ланка, Непал ва Туркманистон дохиланд.
Дар минтақаи шарқ 20 даста, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Халқӣ-Демократӣ (мизбон), Австралия, Таиланд (мизбон), Чин, Ветнам (мизбон), Индонезия, Мянма (мизбон), Лаос, Малайзия, Тимори шарқӣ, Тайбэйи Чин, Камбоҷа, Сингапур, Муғулистон, Гонконг, Филиппин, Бруней ва Макао ҷойгир шудаанд.
Тавре аз тақсимот бармеояд, дар минтақаи ғарб се гурӯҳи иборат аз панҷ даста ва ду гурӯҳи иборат аз чор даста таъсис меёбанд. Дар минтақаи шарқ панҷ гурӯҳ иборат аз чор даста хоҳанд шуд.
Ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё, ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин мегузарад, ғолибон аз 10 гурӯҳ ва 5 дастаи беҳтарини зинаи дуюм роҳхат мегиранд.

Февраль 16, 2017 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд