9 феврал- Рӯзи байналмилалии стоматологҳо. Стоматология дар Тоҷикистон рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 09.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. 9 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии стоматологҳо таҷлил мекунад. Ин рӯз беш аз 30 сол мешавад, ки дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта шуда, дар ин рӯз чорабиниҳои гуногун низ гузаронида мешаванд. Бояд гуфт, ки стоматология дар Тоҷикистон солҳои охир хеле рушд ёфтааст. Усулҳои нави дандонгузориву табобати дандон роҳандозӣ шуда, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик мешаванд. Айни замон дар ҷумҳурӣ бисёр марказҳои давлатию ғайридавлатии стоматологӣ фаъолият мекунанд.
Бахшида ба ин рӯз мухбири АМИТ «Ховар» бо Фарҳод Идрисов, мудири маркази стоматологияи хусусии шаҳри Душанбе, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ оид ба вазъи дандонпизишкӣ ҳамсуҳбат гардид.
«23 сол мешавад, ки ҳамчун дандонпизишк фаъолият мекунам. Гуфта метавонам, ки назар ба солҳои пешин стоматология дар Тоҷикистон ҳоло хело пеш рафтааст. Шароити хуб, таҷҳизоти наву ҳозиразамон дар марказҳои табобатӣ муҳайё гардида, кори мутахасиссон ҳам хуб роҳандозӣ шудааст. Ҳамчунин усулҳои нави импланталогия, таҷҳизоти ҷарроҳӣ, усулҳои беҳискунии дандонҳо ва дорувориҳои нав истифода бурда мешаванд», -зикр намуд Ф. Идрисов.
Тавре маълум аст, баъзе бемориҳои сироятӣ зимни табобати дандон мегузаранд. Дар ин бора Ф. Идрисов зикр намуд, ки «беморӣ ё вирусе, ки тариқи табобати дандон имконияти сироят карданаш бештар аст, ин вируси гепатит мебошад. Барои пешгирии ин гуна ҳодисаҳо табибон асбобу анҷоми яккаратаро истифода мебаранд».
«Ба маркази мо рӯзе то 10-15 нафар барои табобати дандон муроҷиат мекунанд. Бештари онҳо ҷавонон мебошанд, ки ҳолати беҳдошти дандонро хуб риоя намекунанд. Аз ин сабаб дандонҳо тез рӯ ба вайроншавӣ меоранд»,- гуфт дандонпизишк.
«Бояд гуфт, ки дандонҳо бештар шабона сироят меёбанд. Аксарияти одамон баъд аз хӯрдани таом дандонҳои худро тоза намекунанд. Аз ин сабаб микроорганизмҳо пайдо мешаванд, ки аз таъсири бактерияҳо дандонҳо тез вайрон мешаванд. Ман ҳамчун дандонпизишк тавсия медиҳам, ки бояд ҳар як нафар барои нигоҳубини дандонҳои худ аввал ҳолати тозагии дандонро риоя кунад. Дар як рӯз ду маротиба- саҳар ва шаб бояд дандонҳоро бо хамираи дандонтозакунӣ ҳатман тоза кунанд»,- илова намуд Фарҳод Идрисов.








Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»






