«Барселона» истеъфои сармураббиро мехоҳад

Февраль 17, 2017 16:38

ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бозингарони клуби футболи «Барселона» аз сармураббии даста Луис Энрике қаноаманд набуда, хоҳиши онро доранд, ки дар поёни мавсими футболи соли 2016-2017 ба истеъфо равад. Дар ин бора радиои испании COPE хабар медиҳад.

Аз рӯи хабари манбаъ, то бозӣ бо дастаи ПСЖ дар рақобатҳои 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо футболбозони «Барселона» дар муҳити на он қадар хуб қарор доштанд ва ин сабаб гардид, ки даста бо натиҷаи 4:0 шикаст хӯрад. Шиддатноии дохили даста ба бозӣ таъсиргузор маънидод мешавад.

Сабаби асосии бохти калони «Барселона»-ро Луис Энрике дар худ дидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии рафти 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо «Пари Сен -Жермен» бо ду голи Анхел ди Мария ва Юлиан Дракслер бо Эдвин Каванӣ «Барселона»-ро бо натиҷаи 4:0 шикаст доданд.

Бозии баргашт 8 март дар Барселона барпо мегардад.

Февраль 17, 2017 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад