Бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ оғоз ёфтанд
ДУШАНБЕ, 14.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бо баргузории ду вохӯрӣ дар гурӯҳи «А» оғоз ёфтанд.
Дар зӯрозмоии дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор ва «Равшан»-и Кӯлоб ғолиб муайян нагардид ва дастаҳо бо натиҷаи сулҳомези 1:1 бозиро ҷамъбаст карданд. Ба голи задаи Зокир Абдулхайров дар дақиқаи 52-юм Ҳасан Рустамов баъди 5 дақиқа ҷавоб гардонд.
Дар рақобати дуюми ин гурӯҳ натиҷаи ғайричашмдошт ба қайд гирифта шуд. «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, намояндаи Лигаи якуми кишвар бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид. Ягона голи ғолибиятро легионери ганагии «Кӯктош» Мисиам Иносент (85) ба ҳадаф расонд.
Имрӯз бозиҳо дар гурӯҳи «Б» шурӯъ мегарданд. «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзода бо Ашт»-и Ашт (14:30) ва «Истиқлол»-и Душанбе бо «Ҳулбук»-и Восеъ (17:00) вориди майдон мешаванд.
Ҷоми ФФТ-2017. Бозиҳои ниҳоӣ
Гурӯҳи «А». Даври 1
«Равшан» «Ҳосилот» 1:1
Муаллифи голҳо : Зокир Абдулхайров, 52 (1:0). Ҳасан Рустамов, 57 (1:1).
«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Хоҷимуродов, Саидхони Амрохон, Музаффар Назаров, Сайдамири Сайдаҳмад, Далер Чолов, Фаридун Неъматов (Раҳмонов, 50), Носири Хисрав (Насим Исоев, 63), Шодӣ Муродов, Далер Шомуродов, Зокир Абдулхайров, Нуъмонҷон Хакимов.
«Ҳосилот» (Фархор): Фатҳулло Бобоев (Рустам Ризоев, 46), Ойбек Абдуғаффоров (Шаҳзод Давлатов, 70), Содиқ Мӯсо, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов, Абдусамад Хоҷибоев (Сайриддин Ғаффоров, 46), Хайрулло Азизов (Баҳром Изомов, 83), Саидалии Сафаралӣ (Муҳаммадҷони Ҳасан, 46), Наврӯз Рустамов (Агблей Джонс, 46), Акуффо Гершон (Абдурасул Раҳмонов, 46).
Огоҳӣ гирифтанд: Далер Шомуродов, Саидхони Амрохон, Зокир Абдулхайров, Далер Чолов («Равшан»), Рустам Ризоев, Муҳаммадҷони Ҳасан, Иброҳим Рабимов («Ҳосилот»).
Бозингари беҳтарин: Содиқ Мӯсо («Ҳосилот»).
Довар дар майдон: Насрулло Кабиров (Норак) 7,6 .
«Хуҷанд» «Кӯктош» 0:1
Гол: Мисиам Иносент, 85.
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Шероз Абдуллоев, Манучеҳр Ахмедов, Далерҷон Тӯхтасунов, Хоҷибой Зиёев, Руслан Раҳматов, Отабек Каримов, Дилшод Каримов, Фирдавс Мӯсоев (Ҳокимҷон Ҳасанов, 57), Саидҷон Шарифов (Бахтовар Зокиров, 79).
«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Баҳовиддин Холиқов, Аҳтам Холбоев, Принс Артур, Муҳаммад Раҳмонов, Фахриддин Сафарзода, Далер Қурбонов (Нурулло Абдуллоев, 90+3), Эҳсон Бобоев, Мисиам Иносент, Зокир Иброҳимов (Азизбек Султонов, 85), Собир Холматов (Эшмаэл Таки, 89), Аджей Канкам (Адҳам Абдуллоев, 62).
Огоҳӣ: Фирдавс Мӯсоев («Хуҷанд»), Мисиам Иносент, Фахриддин Сафарзода, Аҳтам Холбоев («Кӯктош»).
Бозингари беҳтарин: Мисиам Иносент («Кӯктош»).
Довар дар майдон: Амирҷон Хоркашев (Душанбе) 7,5 .
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт






