Дар Душанбе ҷаласаи шашуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Шӯро, аъзои Шӯро, роҳбарони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва котиби Шӯро, Директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ иштирок намуданд. Роҳбарони вазоратҳои кишоварзӣ, нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, энергетика ва захираҳои об, роҳбарони маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Суғд», шарикони рушд, коршиносони соҳа ва намояндагони бахши хусусӣ низ дар ҷаласа даъват шуда буданд.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласа хабар дод, дар ҷаласа Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба лоиҳаи «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ», ташаббус ва пешниҳоди лоиҳаи «Сохтмони Маркази хизматрасонии тиббӣ ва маишӣ дар шаҳри Истаравшан», Усмоналӣ Усмонзода, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи «Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва дигар дарёҳо», Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба лоиҳаҳои «Сохтмони инфрасохтори аввалия», «Сохтмони хати роҳи оҳан» ва «Барқарорсозии системаи оби нӯшокӣ» дар МОИ «Суғд» гузориш доданд.
Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаҳои «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ», «Сохтмони Маркази хизматрасонии тиббӣ ва маишӣ дар шаҳри Истаравшан», «Сохтмони неругоҳи барқи обии хурди Ҳафткӯл» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифта, ба тариқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалишавии онҳо қарорҳои дахлдор бароварда шуд.
Дар айни замон ба воситаи ин механизм тибқи қарорҳои Шӯро ду лоиҳа дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ- лоиҳаи «Таҷдид ва идоранамоии кӯдакистони №133 шаҳри Душанбе» ва дар самти энергетика лоиҳаи «Сохтмони хати интиқоли барқ ба МОИ «Данғара» амалӣ шуда истодаанд.
Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз роҳҳои муосири ҷалби сармояи хусусӣ дар иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ буда, ба ин васила метавон хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва таъсиси инфрасохторро ба роҳ монд.











Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид






