Дар мавзеъҳои хатарноки Тоҷикистон хатари тармафароӣ боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Хатари фаромадани тарма дар роҳҳои Тоҷикистон ҳамоно зиёд аст. Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсупова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Ситоди фаврии муштарак то ҳол дар ҷойҳои хатарнок фаъолият бурда истода, тамоми техникаи зарурӣ дар он ҷо сафарбар карда шудаст.
«Аммо ба ин нигоҳ накарда, эҳтимолияти фаромадани тарма дар навоҳии ВМКБ, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим боқӣ мемонад».
Дар ҳамин робита Умеда Юсупова аз сокинони кишвар хоҳиш менамояд, ки аз сафар ба минтақаи хатарнок худдорӣ кунанд ва хеле эҳтиёткор бошанд.
Ба иттилои ӯ, боришоти рӯзҳои охир боиси ҷамъшавии яхпораҳо ва шўшаҳо дар бомҳои биноҳо ва иншоот гаштаанд, ки афтодани онҳо метавонад боиси гирифтани ҷароҳат ва ҳодисаҳои нохуш гардад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муроҷиат ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки зери лабгӯшаи боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, наистанд ва дар ин маврид ба рафтори кӯдакон ҷиддан диққат диҳанд.
«Ҳангоми мушоҳида кардани шӯшаҳо ва якпораҳои овезон дар бомгӯшаҳо кӯшиш кунед ташкилоти хизматрасонро огоҳ созед. Кормандони хизмати коммуналӣ маъмуранд, ки ба иттилои шумо вокуниш нишон диҳанд», -таъкид намуд У. Юсупова.
Ба диққати ронандагон расонида мешавад, ки дар ин рўзҳо нақлиёти худро зери биноҳо нагузоранд, зеро хавфи афтодани яхпораҳо ва шӯшаҳо хеле баланд аст. Бар асари тармафароии зиёд айни ҳол роҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ баста буда, роҳи Душанбе-Ҷиргитол кушода аст, аммо бисёр душворгузар мебошад. «Аз ин рӯ, алалхусус аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки аз сафар ба пойтахт ва ба вилояти Суғду Бадахшон худдорӣ намоянд» .
Бинобар иттилои шоҳидон, фаромадани тарма ва барфбориҳо бештар дар километрҳои аз 46 то 65-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд мушоҳида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи боришоти як ҳафтаи охир ва тармафароӣ, чанд нафар дар Бадахшон ва дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба ҳалокат расиданд.








Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид






