Дар Варзишгоҳи Ҳисор бозӣ барои Ҷоми олӣ ё Суперҷоми Тоҷикистон баргузор мешавад

Февраль 3, 2017 10:08

ДУШАНБЕ, 03.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Вохӯрӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад. Ин варзишгоҳ барои 25 ҳазор тамошобин пешбинӣ шудааст.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон соли равон дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, чемпион ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва «Ҳосилот»-и Фархор, соҳиби медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ мубориза мебаранд. Таърихи баргузории мусобиқа барои Суперҷом баъдан маълум хоҳад шуд.
Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 дар кишварамон гузаронида мешавад. Аввалин бозӣ барои Суперҷом ҳанӯз соли 2010 дар шаҳри Турсунзода барпо гардида буд. Бозиҳои Суперҷомро варзишгоҳҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (2011), Ваҳдат (2012), Кӯлоб (2013), Душанбе (2014 ва 2015) ва Турсунзода (2016) мизбонӣ кардаанд.
«Истиқлол»-и Душанбе шаш маротиба солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015 ва 2016 Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. Ба «Равшан»-и Кӯлоб муяссар гардидааст, ки соли 2013 Суперҷомро аз худ намояд.
Бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2016):
2010 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) «Истиқлол» (Душанбе) 0:2
2011 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1:0
2012 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2:1
2013 «Равшан» (Кӯлоб) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2:1
2014 «Равшан» (Кӯлоб) «Истиқлол» (Душанбе) 0:5
2015 «Истиқлол» (Душанбе) «Хайр» (Ваҳдат) — 2:2, аз рӯи пеналтӣ 4:3
2016 «Истиқлол» (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3:2

Февраль 3, 2017 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт