«Динамо» ғолиби самбои муҳорибавӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Сирки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди самбои муҳорибавӣ баргузор гардид. Дар он 10 даста ва зиёда аз 200 нафар варзишгарони наврас ширкат варзиданд.
Тавре аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» хабар доданд, дар мусобиқа варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии мураббӣ Фазлиддин Шоев иштироки фаъолона намуда, се ҷойи аввалро ба даст оварданд.
«Дар байни варзишгарони касбӣ пас аз ҳунарнамоии хуб аз рӯи вазни 51 кило варзишгари «Динамо» Шукрулло Файзуллоев ҷойи аввал, дар вазни 57 кило Ҳомид Одинаев ва дар вазни 68 кило Эраҷ Абдураҳмонов ҷойҳои дуюми мусобиқаро ишғол намуданд.
Ғолибон соҳиби медалу туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






