«Дордой»-и Қирғизистон-ҳарифи навбатии «Ҳосилот»-и Фархор

Февраль 8, 2017 12:08

ДУШАНБЕ, 08.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Дордой»-и Қирғизистон ҳарифи навбатии «Ҳосилот»-и Фархор дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) гардид. Дирӯз дар бозиҳои баргашти пешакии Ҷоми КФО ин дастаҳо аз натоиҷи ду вохӯрӣ ба даври плей- офф роҳхат гирифтанд.
Дар Варзишгоҳи марказии пойтахт «Ҳосилот»-и Фархор бо чемпиони Афғонистон- «Шоҳин Асмоӣ» бозӣ карда, ҳисоби ба худ мувофиқ- 0:0-ро ҳосил кард. Ин натиҷа имкон дод, ки «Ҳосилот»-и Фархор аз натиҷаи бозии аввал(1:0) ба даври минбаъда гузарад.
Дар баробари ин «Дордой»-и Бишкек дар Туркманистон соҳибони майдон-дастаи «Балкан»-ро бо ҳисоби 1:2 мағлуб кард. Аз дастаи ғолиб голҳоро Алишер Азизов (8-ум дақиқа) ва Авазбек Откеев (53) ба ҳадаф расониданд.
Акнун 21 феврал «Ҳосилот»-и Фархор дар бозии аввали плей-офф ба дидори дастаи «Дордой»-и Бишкек меравад. Бозии баргашти дастаҳо 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир хоҳад шуд.

Ҷоми КФО
Бозии баргашт
«Ҳосилот» (Фархор,Тоҷикистон) «Шоҳин Асмоӣ» (Кобул, Афғонистон) 0:0. Бозии аввал:1:0.
«Ҳосилот»: Рустам Ризоев, Мӯсо Содиқ, Ойбек Абдуғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов, Сайриддин Ғаффоров, Муҳаммадҷони Ҳасан (Хайрулло Азизов, 70), Абдурасул Раҳмонов, Агблей Ҷонс (Шодибек Ғаффоров, 67), Наврӯз Рустамов (Абдусамад Ҳоҷибаев, 87).
«Шоҳин Асмоӣ»: Бакташ Акбарӣ, Амонулло Сардарӣ, Саид Носир, Муҳаммад Руид Самандарӣ (Самиулло Мухаммадӣ, 72), Амируддин Шарифӣ, Фардин Ҳакимӣ (Умед Ҳумоюнӣ, 77), Ризооллоҳ Ёрӣ, Ҳамид Ҳабибӣ (Абдулло Абдуллоӣ, 88), Саид Муҳаммад Ҳошимӣ, Фарзод Атоӣ, Ҳуссайн Ализода.
Огоҳӣ гирифтанд: Ойбек Абдуғаффоров, Абдурасул Раҳмонов, Шодибек Ғаффоров («Ҳосилот»), Саид Носир, Амируддин Шарифӣ, Фардин Ҳакимӣ(«Шоҳин Асмоӣ»).
Бозингари беҳтарин: Рустам Ризоев («Ҳосилот»).
Довар дар майдон: Моуд Бунёдифард (Эрон).

«Балкан» Туркманистон — «Дордой» Қирғизистон 1:2
Бозии аввал: 1:1
«Дордой»- рақиби «Ҳосилот»: Максим Зинченко, Тоҳир Авчиев, Анатолий Василев, Хурсанбек Шератов, Ислом Шамсиев, Ғайрат Жургалбек Уулу, Марат Адзиниязов, Азиз Сиддиқов, Алишер Азизов, Авазбек Откиев, Егор Потаров.
Бозии плей-офф
21-уми феврал. Бозии аввал
«Дордой» — «Ҳосилот»
28-уми феврал. Бозии ҷавобӣ
«Ҳосилот» — «Дордой»
Натиҷаҳои бозиҳои дигар барои Ҷоми КФО:
«Лао Тайота» (Лаос) — «Боэнкет Ангкор» (Камбоҷа) 0:1 (1:1)
«Клаб Валенсия» (Малдив) — «Тимпу Сити» (Бутан) 3:0 (0:0)
«Ҳоум Юнайтед» (Сингапур) — «Пном Пен Кроун» 3:0 (плей-офф)
«Моҳун Баган» (Ҳиндустон) — «Коломбо» (Шри-Ланка) 2:1 (2:1)

Февраль 8, 2017 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад