Дуюмин бозии санҷишии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Туркия доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дуюми санҷишии худро бо дастаи мунтахаби футзали Туркия гузаронида, ин навбат бо ҳисоби 3:2 мағлуб шуд.
Ин вохӯрии футзалистони Тоҷикистон ва Туркия мисли бозии пешинаи дастаҳо дар шаҳри Ялови Туркия барпо гардид. Голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Хуршед Маҳмудов ва Умед Мирзораҳимов ба нишон расониданд. Бозии аввал низ бо ғалабаи дастаи мунтахаби Туркия (5:4) анҷом ёфта буд.
Ёдрас мешавем, ки вохӯриҳои мазкур аз рӯи барномаи омодагии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2018, ки аз 13 то 22 октябр дар минтақаи Осиёи марказӣ мегузаранд, роҳандозӣ шудаанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






