Худкардаро даво нест…

Февраль 15, 2017 17:28

ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз он, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон солҳои охир фаъолиятро оид ба ошкор намудани интиқолдиҳандагони маводи нашъаовар пурзӯр гардонида, садҳо парвандаҳои ҷиноӣ ба суд ирсол намуданд, вале шумораи одамоне, ки барои даромади муфт ҳаёти худро зери хатар мегузоранд, кам намешавад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ин ботлоқи ноустувор одамонро ба коми худ фурӯ мебарад.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Азизулло валади Зоҳир, соли тавалудаш 1980, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо айбдорӣ аз рӯи моддаи 36, қисми 5-200, қисми 4 банди «г, д» -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.
Номбурда барои робита ва ҳамкорӣ доштанаш бо гурӯҳи муташаккили ҷиноятии ба хариду фурӯши воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон машғулбуда гунаҳгор дониста мешавад.
Моҳи январи соли 2016 ба мақоми дахлдори кишвар маълумот дар хусуси бо роҳи қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарондан ва ба муомилоти ғайриқонунӣ баровардани воситаҳои нашъадори навъҳояшон гуногун аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо роҳбариии Қадрулло валади Назирбой, шаҳрванди ҶИА ворид гардид.
Бо мақсади дастгир намудани ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» шаҳрванд бо номи рамзии «Ш» ва кормандони мақомоти дахлдор ҳамчун миёнарав ва харидори шартии воситаи нашъадор амалиёт гузарониданд.
Тибқи маслиҳати пешакӣ аъзои гурўҳи муташаккил Қадрулло валади Назирбой ва дигар ҳаммаслакони ӯ бояд, ки хариду фурӯши воситаҳои нашъадорро бо шахсони ба чорабинии фаврӣ воридкардашуда дар ҳудуди минтақаи сарҳадии «Шоҳон» — и ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон амалӣ менамуданд.
3 январи соли 2016 дар минтақаи зикршуда аз ҷониби харидорони шартӣ чорабинии фаврӣ гузаронида шуда, Қадрулло валади Назирбой ва ҳаммасалаконаш бо тахаллуси «Аюбҷон», «Қозӣ», «Худойдод» ва дигарон, ки шахсияташон ба тафтишот маълум нест, ба маблағи 2000 доллари ИМА дар 3 халта ба миқдори 47760,0 грамм воситаи нашъадори навъи бангдонаи хушкондашударо хариданд.
Рӯзи 19 феврали соли 2016 марҳилаи дуюми чорабинии фаврӣ гузаронида шуда, харидорони шартӣ аз ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар 2 борхалта 49664,0 грамм воситаи нашъадори бангдонаи хушкондашуда, дар як борхалта 9261,0 грамм воситаи нашъадори навъи ҳашиш ва 956,8 грамм воситаи нашъадори навъи афюнро ба таври насия хариданд.
Роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Қадрулло валади Назирбой бо мақсади дастрас намудани маблағи насия Азизулло валади Зоҳирро ба ивази фоидаи калони пулӣ барои омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон розӣ менамояд.
Азизулло валади Зоҳир ба ин таклиф розӣ шуда, 24 марти соли 2016 ба кӯчаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон омада, аз шахси миёнарав 1800 доллари ИМА-ро талаб намуда мегирад, ки дар ҳамин асно аз тарафи кормандони милиса дастгир мегардад.
Бо ҳукми суд Азизулло валади Зоҳир бо моддаҳои дар боло зикршуда гунаҳгор дониста шуда, нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 17 сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъйин гардид.
Азизулло валади Зоҳир аз кирдори ҷинояткоронааш сахт пушаймон аст. Вале тавре дар урфият мегӯянд: «Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ».

Февраль 15, 2017 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид