Хуршед Маҳмудов футболро ба футзал иваз кард
ДУШАНБЕ, 09.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Хуршед Маҳмудов, яке аз беҳтарин футболбозони тоҷик, ки сазовори беҳтарин унвонҳо дар футбол гардидааст, футболи калонро ба футзал иваз кард. Тавре сомонаи ФФТ хабар медиҳад, ин бозингари мумтоз шартномаи хубро бо клуби футзали «ДИСИ Инвест» ба имзо расонд ва минбаъд ҳунарнамоиашро дар футзал идома медиҳад.
Хуршед Маҳмудов, чемпиони ҳашткаратаи Тоҷикистон, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон (4 маротиба), Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (2006), Ҷоми Президенти КФО (3 маротиба), беҳтарин бозингари Ҷоми Президенти КФО (2008, 2009), бозингари беҳтарини Тоҷикистон (2005, 2006, 2008, 2011) буда, дар ҳайати дастаҳои «Варзоб»-и Душанбе, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Барқчӣ» бозӣ кардааст. Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 2004 мебошад.
Хуршед Маҳмудов собиқан дар ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ҳам бозӣ кардааст ва шояд ҳамон меҳр аст, ки имрӯз ба футзал рӯ овардааст.
«ДИСИ Инвест» чемпиони Тоҷикистон буда, соли равон дар бозиҳои байналмилалӣ ширкат меварзад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






