Иқдоми наҷиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ нисбат ба насли ҷавони кишвар

Февраль 9, 2017 14:46

ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Боиси ифтихор ва сарбаландии тамоми ҷавонони кишвар аст, ки зимни ироаи Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид.
Дар радифи чунин ташаббуси хурсандибахш, инчунин дар ҳамон рӯз иқдоми навбатии Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳон эътироф пайдо намуд. Яъне аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 пазируфта шуд.
Ба як рӯз тавъам омадани ду воқеаи фараҳбахш дар таърихи миллати тоҷик ва дар қалби ҳар як сокини шарафманди миллати тоҷик то абад боқӣ мемонад.
Дар Паёмашон Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар арзёбӣ карданд. Масъалаҳое, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошанд, бори дигар мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуда, ҷиҳати дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонон дастурҳои мушаххас ба масъулони соҳа вогузошта шуданд.
Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди тоҷик сазовори боварию эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд.
Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ҳамчун нишонаи олии эҳтирому боварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони соадатманди диёр ва дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумат қарор доштани ин қишри ояндасози кишвар мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам овардааст.
Мавриди зикр аст, ки дар Соли ҷавонон ҳамкории Кумита бо Федератсияи футболи Тоҷикистон тақвият ёфта, аксари чорабиниҳо дар Соли ҷавонон зери сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор карда мешаванд.
Дар назар аст, ки бо дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон чорабиниҳои манфиатбахш дар соҳаи ҷавонон ва варзиш бо сабку усули нав амалӣ мегарданд.
Дар заминаи татбиқи идеяҳои наву таъсирбахш ва ҷалби васеи ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, инчунин истифодаи варзиш ҳамчун унсури муҳими муттаҳидкунандаи насли ояндасози кишвар 21 январи соли 2017 байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим тадбирҳои амалии саривақтиву зарурӣ бо фарогирии пурраи ҷавонон дар ҷомеа роҳандозӣ мегарданд, ки ин боиси фараҳмандии ҷавонон аз таваҷҷуҳи навбатӣ ва муждаи нек дар ҳаёти ширини онҳо мегардад.

Февраль 9, 2017 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд