Имрӯз бозии ҳалкунандаи плей-офф бо ширкати дастаҳои «Ҳосилот» ва «Дордой» барпо мегардад

Февраль 28, 2017 11:36

ДУШАНБЕ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт, соати 16:00 бозии ҷавобӣ ва ҳалкунандаи плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо ширкати дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор ва «Дордой»-и Қирғизистон барпо мегардад.
Бозии ин дастаҳоро доварон аз Баҳрайн бо роҳбарии Муҳаммад Ҷамил Ҷумъа ҳакамӣ мекунанд. Ба ӯ Сайёд Ҷалол Маҳфуз Алавӣ Муҳаммад ва Солеҳ Абдулло Муҳсин ал-Роваймӣ кумак мекунанд. Довари эҳтиётӣ Исо Абдулло Ҳасан Муҳаммад Алӣ мебошад.
Ёдрас мешавем, ки бозии аввали ин дастаҳо 21 феврал дар Қирғизистон бо ғалабаи дастаи «Дордой» бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Ягона голро Алишер Азизов ба нишон расонд.
Аз рӯи натиҷаи ду вохӯрӣ дастаи ғолиб ба гурӯҳи «Д»-и Осиёи марказӣ, ки дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Алай»-и Қирғизистон қарор доранд, ҳамроҳ мешавад.

Февраль 28, 2017 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд